Пайвандҳои дастрасӣ

Сироҷиддин Аслов ба Пекин рафт


Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 30 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари Сироҷидин Аслов ба Пекин ба манзури ширкат дар Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокчии раванди Истанбул барои Афғонистон (Қалби Осиё) аст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин сафари корӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин вохӯриҳои дуҷониба бо шахсони расмии кишвари мизбон, намояндагони давлатҳои “Қалби Осиё”, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ анҷом медиҳад. Дар нишасти Пекин намояндагони 14 кишвари ширкатдори «раванди Истанбул», 16 кишвари берун аз он ва 12 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG