Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираи қурбониёни террори Сталинро гиромӣ доштанд


Дар Маскав фаъолон дар назди бинои собиқи КГБ гирдиҳам омаданд ва хотираи ҳазорон нафар мардону занонро, ки қурбони “Террори бузург”-и Иосиф Сталин шудаанд, гиромӣ доштанд.

Нотиқон дар назди ёдгории Санги Соловетский дар майдони Люблянска бо садои баланд ном, синну сол, касбу кор ва санаи куштори тақрибан 30 ҳазор нафарро қироат карданд. Онҳо дар солҳои 1937-38 ба дасти мақомоти Шӯравӣ ба қатл расидаанд.

Сокинони Маскав ва дигарон бо худ гул ва шамъ оварданд ва дар ин маросим ширкат ҷустанд. Ин марросим “Номҳоро бозгардонед” ном дошт ва ин маросими солонаро “Мемориал- қадимитарин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Русия ташкил кард.

Ин созмон ҳоло зери фишори ҳукумати Русия қарор дорад. 10 октябр вазорати адлияи Русия аз Додгоҳи олӣ дархост кард, ки ин созмонро бибандад.

Маросими гиромидошти қурбониёни террори Сталин дар шаҳрҳои дигари Русия низ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG