Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи вижа ба ҳимоят аз Зайд Саидов


Дар шабакаи интернет сомонаи вижае таъсис ёфтааст, ки ба гуфтаи созмондиҳандагонаш, пуштибонӣ аз соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва инъикоси воқеъии қазияи ӯву ду вакили низ боздоштшудааш Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратров ба ҳадаф дорад. Масъулони сомонаи http://zaidsaid.at/tj изҳори итминон кардаанд, ки “бад ин васила имкони боз ҳам бештари огаҳии мардум аз паҳлӯҳои гуногуни қазияи Зайд Саидов ва талошҳои мавсуфу ҷонибдоронаш фароҳам меояд.” Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон моҳи майи соли 2013, ҳамагӣ як моҳ баъд аз эълони азмаш ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт дар моҳи декабри ҳамон сол бо ҷароиме, чун таҷовуз ба номус, порагирӣ ва сӯиистифода аз мақом, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Вакили ӯ Фахриддин Зокиров дар моҳи марти соли равон бо иттиҳоми таъхир бар баргардондани қарзи бонк ва вакили дигараш Шӯҳрат Қудратов моҳи июл бо иттиҳоми миёнаравӣ дар додани пора ба як додрас дастгир шудаанд. Зайд Саидов ва тарафдоронаш ин парвандаҳоро сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG