Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд


Нурлан Жоламанов-раиси Хадамоти марзбонии Қазоқистон ба эҳтимоли суистифода аз мақом боздошт шудааст. Кумитаи Амнияти Миллӣ мегӯяд, ки Жоламанов 27 октябр боздошт шудааст. Дар бораи ҷузъиёти он маълумот пахш нашудааст.

Дар давоми ду соли ахир бар зидди чанд нафар аз мақомоти расмии Қазоқистон ба эҳтимоли суистифода аз мақом парванда боз шудааст. Баъзе аз онҳо ба муддатҳои тулонии зиндон маҳкум шудаанд.

Муслим Омираев-муовини пешини вазири кишоварзӣ 16 октябр барои ситонидани 100 ҳазор доллар ришва барои 10 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Моҳи июл Мурат Оспанов-раиси Ожонси давлатии танзими инҳисор ва дороӣ ба гумони гирифтани 200 ҳазор доллар ришва боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG