Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имоми масҷид барои таҷовузи духтари 10-сола зиндонӣ шуд


Додгоҳи Афғонистон имоми як масҷидро бо гуноҳи таҷовузи ҷинсии як духтари 10-сола дар дохили масҷидаш ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Мулло Муҳамммад Амин рӯзи 25-уми октябр содир шуд. Духтар ва падари ӯ ҳукми додгоҳро сабук дониста ва гуфтаанд, ки Мулло Амин бояд ба қатл маҳкум мешуд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукми додгоҳ истиқбол карда ва онро пирӯзии занони таҷовузшуда дар Афғонистон хонданд, ки дар инҷо аксаран худи занони таҷовузшударо ба зинокорӣ гунаҳкор дониста, зиндонӣ мекунанд. Ҳасина Сарварӣ, раиси як маркази занони хушунатдида дар вилояти Қундуз, ки ҳодиса дар инҷо сурат гирифтааст, аз ҳукми додгоҳ истиқбол кард. Рӯзи 8-уми октябр 5 мардро дар наздикии шаҳри Кобул бо гуноҳи таҷовузи гурӯҳӣ ва ҷинсии 4 зан ба дор овехтанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хоста буданд, ки ба иҷрои ҳукми қатли ин мардҳо иҷоза надиҳад.

XS
SM
MD
LG