Пайвандҳои дастрасӣ

Камерон ҷаласаи ҳаврии вазирони молияро тақозо кард


Дэвид Камерон

Дэвид Камерон

Дэвид Камерон-нахуствазири Британия тақозо кардааст, ки ҷаласаи изтирории вазирони молияи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо баргузор гардад, зеро Бруссел ё Иттиҳодияи Аврупо тақозо кардааст, ки Британия ва чанд кишвари дигар дар будҷаи ин иттиҳодияи саҳми бештари молӣ гузоранд.

Камерон баргузории ҷаласаи фаврии вазирони молияро дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо 24 октябр дар Брусел матраҳ кард. Раҳбарон мушкилиҳои молии ин иттиҳодияро баррасӣ мекарданд.

Раҳбарони Аврупо аз Британия хостанд, ки 2,1 миллиард еврои дигар дар будҷаи иттиҳодия сармоягузорӣ кунад ва он 20 дарсад бештар аз саҳми кунунии Британия аст.

Саҳми кишварҳо дар будҷаи Аврупо бо назардошти мизони иқтисоди ҳар кишвар таъйин мешавад.

XS
SM
MD
LG