Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамил Тарпишев аз гуфтаҳояш дар ҳаққи Вилямсҳо пушаймон аст


Шамил Тарпишев
Шамил Тарпишев

Шамил Тарпишев, раиси Федеретсияи тенниси Русия, рӯзи шанбе изҳор намуд, ки ӯ намехост бо ҳарфи беҷое ягон варзишгар, аз ҷумла, хоҳарон Серена ва Винус Вилямсҳоро биранҷонад, ба вижа, ки ин ду теннисбози амрикоӣ, ба гуфтаи ӯ, "намунаи нерӯмандиву устувориянд".

Аз ин пештар хабар расид, ки Тарпишев барои таҳқир ба шаъни хоҳарон Вилямсҳо аз ҳама гуна фаъолиятҳо дар чаҳорчӯби Федератсиони байнулмилалии теннис маҳрум ва 25 ҳазор доллар ҷарима шудааст. Раиси федератсиони тенниси Русия дар барномаи шабакаи аввали телевизиони Русия “Вечерний Ургант” зимни арзёбии нерӯи ҷисмонии хоҳарони теннисбоз онҳоро “бародарон Вилямс” номид.

Дар изҳороти ахири худ Тарпишев узрхоҳӣ карда, навиштааст, ки хоҳарон Серена ва Винус, бидуни шубҳа, варзишгарони беҳамтоянд ва дар теннис ба дараҷаи аъло расидаанд. Ба гуфтаи Шамил Тарпишев, Серена ва Винус намунаи нерӯмандиву устуворӣ дар варзишанд.

XS
SM
MD
LG