Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 сарбози афғон дар ҳамлаи ғофилгиронаи толибон


Мусаллаҳони «Толибон» рӯзи душанбе сарбозони нерӯҳои амниятии ҳукуматро дар вилояти Сари Пул, воқеъ дар шимоли кишвар, ғофилгир карданд. Волии Саипул Абдулҷаббор Ҳақбин гуфт, ки дар ин ҳамлаи ғофилгирона 22 сарбози ҳукуматӣ кушта ва 8 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Толибон ҳафт сарбозро асир гирифтанд. Ба гуфтаи Ҳақбин, дар ин ҳама 12 мошини низомиву полис комилан нобуд карда шуданд.

Аз ин пеш дар Кобул як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори ду зиреҳпӯши нерӯҳои байнулмилалӣ инфиҷор кард. Ба иттилои намояндаи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 13 октбяр ба вуқӯъ пайваст, ба сарбозони хориҷӣ осеб нарасидааст.

Айюб Солангӣ, муовини вазири умури дохилаи Афғонистон, дар Твиттер навишт, ки бар асари таркиш як сокини осоишта кушта шудааст. Генерал Фарид Афзалӣ, раиси бахши мубориза зидди ҷиноёти полиси шаҳри Кобул, гуфт, ки дар ин ҳодиса се шаҳрванди хориҷӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамлаи маргталабона дар шоҳроҳи Ҷалолобод рӯй дод, ки он ҷо пойгоҳи низомии амрикоӣ ва қароргоҳи СММ ҷойгир шудаанд. Намояндаи «Толибон» Забеуллоҳ Муҷоҳид тайид кард, ки ҳамларо ҷангиёни ин ҷунбиш анҷом додаанд ва ҳадафаш – низомиёни хориҷӣ буданд.

XS
SM
MD
LG