Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эво Моралес аз пирӯзияш дар интихобот хабар дод


Эво Моралес, раисиҷумҳури Боливия, рӯзи 13 октябр дар бораи пирӯзияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ хабар дод. Бар пояи натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, аз раисиҷумҳури феълӣ тақрибан 60 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Бори аввал Эво Моралес соли 2006 ба курсии раисиҷумҳури Боливия нишаст. Ӯ нахустин раҳбари кишвар аз ҳиндуҳои бумии Боливия мебошад.

Эво Моралес аз сиёсати милликунонии бахшҳои калидии кишвар, аз ҷумла, бахши нафту газ кор гирифт ва акнун дар ин кишвари қашшоқи Амрикои Лотин ҳамасола 5 дар сад рушди иқтисодӣ ба чашм мерасад.

Раисиҷумҳури Боливия дар ҷамъи тарафдоронаш изҳор намуд, ки пирӯзияшро ба раҳбари инқилоби Куба Фидел Кастро мебахшад.

Бар пояи хабарҳо, «Ҷунбиш ба сӯи сотсиализм»-и раисиҷумҳур бештари курсиҳо дар Сенат ва Палатаи вакилони Боливияро ҳифз кардааст.

XS
SM
MD
LG