Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия дар амалиёти заминии зидди тундравҳо ширкат намекунад


Ҷенс Столтенберг ва Мевлут Човушуғлу, 9 октябр, Анкара
Ҷенс Столтенберг ва Мевлут Човушуғлу, 9 октябр, Анкара

Вазири корҳои хориҷаи Туркия мегӯяд, ки кишвараш дар «амалиёти заминӣ» бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ дар шимоли Сурия ширкат нахоҳад кард, зеро он «равиши воқеӣ» нест.

Мевлут Човушуғлу-вазири хориҷа ин суханонро 9 октябр дар нишасти муштараки хабарӣ бо Ҷенс Столтенберг-Дабири кулли паймони НАТО дар Анкара изҳор дошт.

Човушуғлу гуфт, Туркия аз эътилофи ҳамлаҳои ҳавоии зери фармондеҳии Амрико бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ дар атрофи шаҳраки курднишини Кубонӣ дар шимоли Сурия ҳимоят мекунад. Вай гуфт, ки танҳо ҳамлаҳои ҳавоӣ барои шикасти тундравҳо кофӣ нест ва бояд ҳамаи роҳҳо, аз ҷумла «амалиёти заминӣ» баррасӣ шавад.

Човушуғлу гуфт, ки Туркия аз ақидаи эҷоди «минтақаи амн ва мамнуи парвозҳо» дар шимоли Сурия дар наздикии марз бо Туркия ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG