Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Диомир Боша-ниругоҳе бузургтар аз Роғун дар минтақа


Мақомоти расмии ҳукумати Амрикову Покистон ва раҳбарони бахши бузурги тиҷории ин ду кишвар бо ҳам мулоқот ва бунёди обанбори бузургеро баррасӣ карданд. Ин мулоқот 8 октябр дар Вашингтон баргузор шуд.

Дар ин мулоқот Даниел Фелдман-намояндаи вижаи Амрико барои Покистону Афғонистон гуфт, бунёди обанбори Диомир Боша барои Покистон “беҳтарин интихоб” аст.

Фелдман бештар аз 120 нафар сармоягузорону корхонадоронро мутмаин сохт, ки Кохи Сафед ва вазорати корҳои хориҷаи Амрико уҳдадор шудаанд, ки аз талошҳои Покистон барои баргузории мулоқоти иқтисодиву энержӣ ҳимоят хоҳанд кард.

Доктор Роҷив Шоҳ-мудири USAID ё Ожонси рушди байналмиллалии Амрико гуфт, обанбори Диомир Боша дар оянда метавонад рушди сартосарии Покистонро таъмин кунад.

Ҳамчунин интизор меравад, дар ин обанбор ниругоҳи барқ низ бунёд шавад ва он метавонад 4 500 мегават нируи барқ тавлид кунад. Арзиши ин тарҳ 14 миллиард доллар пешгӯӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG