Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуданд


Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё дар соли 2014 ба ду донишманди амрикоӣ Эрик Бетсиг ва Уилям Мёрнер ва олими олмонӣ Стефан Ҳелл эъто шуд.

Кумитаи Нобели Фарҳангистони улуми шоҳигарии Шветсия рӯзи 8 октябр хабар дод, ки онҳо барои тақвият бахшидани заррабинҳои флуоресентии нерӯманд ба ин ҷоиза лоиқ дониста шуданд. Маблағи ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё 8 миллион крон, муодили 1 миллион доллари амрикоӣ, муқаррар шудааст.

Шурӯъ аз соли 1901 ҷоизаи Нобел дар бахши кимиёро 105 донишманд дарёфт кардаанд.

Аз ин пеш барандагони ҷоизаи Нобел дар бахшҳои тиб ва физика эълон шуданд. Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе барандаи ин ҷоизаи бонуфуз дар бахши адабиётро эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG