Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ягона язидии узви парлумони Ироқ ҷоизаи Политковскаяро гирифт


Виан Дахил

Виан Дахил

Хонум Виан Дахил, ягона язидии узви парлумони Ироқ барои дифоъ аз ҳуқуқҳои аққалиятҳои миллӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дарёфти ҷоизаи байнулмилалии ба номи Анна Политковская мушарраф шуд.

Ин ҷоизаи таъсискардаи созмони Reach All Women in War, мақараш дар Лондон ба занҳое дода мешавад, ки дар низоъҳо ба дигарон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Хонум Дахил моҳи август ба язидиҳое, ки аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар кӯҳи Санҷор панаҳ бурда буданд, ёрии башардӯстона мерасонд. Дар яке аз парвозҳо чархбол суқут кард ва пойи ӯ шикаст ва аммо ӯ аз ширкат дар ироаи кӯмак ба афроди мӯҳтоҷ даст набардошт.

Ҷоиза ба номи хабарнигори нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, мебошад, ки дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистон гузориш менавишт ва 7 октябри соли 2006 дар канори манзилаш дар шаҳри Маскав кушта шуд. Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International рӯзи сешанбе дар назди бинои рӯзномаи “Новая газета” маъракаи “Гулҳо барои Анна”-ро ташкил кард. Ширкаткунандагон аз матни гузоришҳои расонаҳояшон гулҳо сохта дар назди лавҳаи ёдгории Анна Политковская гузоштанд. Дар ин маърака Радиои Озодӣ ҳам ширкат кард.

XS
SM
MD
LG