Пайвандҳои дастрасӣ

Столтенберг: Русия вазъи Украинаро ноором мекунад


Ҷенс Столтенберг, Дабири кулли НАТО, изҳор намуд, ки созиши оташбас дар Украина маънои онро надорад, ки Русия аз ноором кардани авзоъ дар шарқи Украина даст мебардорад. Ӯ рӯзи якуми октябр дар нахустин нишасти хабарии худ ба ҳайси Дабири кулли НАТО дар Брюссел гуфт, ки Русия бояд ба меъёрҳову қонунҳои байнулмилалӣ арҷ гузорад.

Столтенберг, нахуствазири пешини Норвегия, аз рӯзи 1 октябр расман ба ифои вазифаи Дабири кулли НАТО шурӯъ кард. Ӯ раиси пешини Паймон Андерс фог Расмуссенро дар ҳоле иваз мекунад, ки НАТО барои хурӯҷи нерӯҳояшон аз Афғонистон омодагӣ мегирад ва бӯҳрони Украина робитааш бо Русияро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Ҷенс Столтенберг, раиси пешини Ҳизби кори Норвегия, моҳи сентбяри соли 2013, баъд аз ҳашт соли раҳбарии ҳукумат, аз мақомаш канор рафт. Ҳангоми нахуствазирии ӯ Норвегия низомиёнашро ба ҳайати нерӯҳои НАТО дар Афғонистон шомил кард ва ҳавопаймоҳояш дар назорати ҳарими ҳавоии мамнӯъ барои парвози Либия ширкат карданд. Ҷенс Столтенберг соли 2010 дар Маскав зери санади муштараке имзо кард, ки ба баҳси 40-солаи Русияву Норвегия дар мавриди марзҳои баҳрӣ хотима гузошт. Дар яке аз охирин изҳороташ ӯ эълом дошт, ки ширкати низомиёни Русия дар ҷангҳо дар шарқи Украина ғайри қобили қабул аст.

Андерс фог Расмуссен аз 1 августи соли 2009 Дабири кулли Паймони НАТО буд.

XS
SM
MD
LG