Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Радован Караҷич аз қурбониёни ҷанги Боснӣ маъзарат хост


Радован Караҷич, раҳбари пешини сербҳои Боснӣ, рӯзи 1 октябр дар сухани охираш дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ё Гаага изҳор намуд, ки айбномааш дар пояи овозаҳо ва шаҳодати кормандони худи додгоҳ таҳия шудааст. «Ҳам ман ва ҳам додситонҳо ҳақиқатро медонем, онҳо мехоҳанд, ки додгоҳро гумроҳ кунанд», гуфт ӯ.

Караҷич иқрор кард, ки чун раҳбари низомӣ барои ҳама ҷиноятҳои аз сӯи сербҳои Боснӣ содиршуда масъулият дорад ва аз қурбониёни онҳо узр хост.

Марҳалаи ниҳоии бозрасии парвандаи раҳбари пешини сербҳои Боснӣ рӯзи 29 сентябр шурӯъ шуд. Додситонҳои додгоҳ Караҷичро “нерӯи таҳрикдиҳанда”-и кушторҳои қавмӣ ҳангоми ҷанги Боснӣ дар солҳои 1992-1995 мехонанд ва талаб доранд, ки ӯ барои ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомӣ, барои даст доштан дар қатли оми беш аз 7 ҳазор мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 ба ҳабси абад маҳкум карда шавад.

Радован Караҷичи 69-сола ва фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич, ки парвандаи ӯ аз сӯи Додгоҳи Ҳейг оид ба Югославияи собиқ алоҳида бозрасӣ мешавад, гуноҳи худро ба гардан нагирифтаанд ва изҳор намуданд, ки ҳадафи онҳо – дифоъ аз мардуми серби муқими Боснӣ буд.

Радован Караҷич соли 2008, баъди 13 соли фирор дар Сербия боздошт ва ба Гаага истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG