Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон як афғони шаҳрванди Австралияро қатл карданд


Мусаллаҳони “Толибон” мардеро эъдом карданд, ки баъд аз 14 соли ҳиҷрат ба Афғонистон баргашта буд.

Муовини волии Ғазнӣ Муҳаммад Алӣ Аҳмадӣ рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, Сайид Ҳабиб Мусавии 56 сола барои он кушта шуд, ки бо худ шиносномаи Австралия дошт. Аҳмадӣ афзуд, ки толибон аввал Мусавиро шиканҷа карданд ва сипас ба ӯ се тир заданд. “Ӯ ягон кори зишт нкарда буд, на ҷинояткор буд ва на бо ҳукумат робитае дошт”, гуфт муовини волии Ғазнӣ.

Сайид Ҳабиб Мусавӣ, ки миллаташ ҳазора буд, моҳи май ба хотири дидани арӯсу набераҳояш ба Афғонистон баргашта буд ва аммо сафараш ба вилояти Ғазнӣ чандин бор бо далелҳои амниятӣ ба таъхир меуфтод. Санаи дақиқи куштори Мусавӣ маълум нест.

XS
SM
MD
LG