Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми ду қотили "имоми давлатӣ" дар Қошғар


Имом Ҷумъа Тоҳир
Имом Ҷумъа Тоҳир

Додгоҳи шаҳри Қошғари Чин ҳукми се нафари муттаҳам дар куштори имоми аз сӯи давлат таъйиншуда дар вилояти Шинҷону Уйғурро эълон кард.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 29 сентябр навиштанд, ки додгоҳ Ғанӣ Ҳасан ва Нурмаҳмад Абдулимитро барои ташкили гурӯҳи террористӣ ва куштори барқасдона ба эъдом маҳкум намуд. Нафари сеюм – Атовулло Турсун барои ширкат дар дар ҳамаи террористӣ ва куштор ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ному насаби маҳкумшудаҳо ба уйғур будани онҳо далолат мекунад.

Имоми бузургтарин масҷиди шаҳри Қошғар Ҷумъа Тоҳир 31 июл дар канори масҷид баъд аз намози бомдод кушта шуд.

Тобистони соли равон дар вилояти мухтори Шинҷону Уйғур чандин ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ сурат гирифт, ки Пекин дар ташкили онҳо ҷудоихоҳони уйғурро муттаҳам карда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукумати Чинро дар сиёсати поймолсозии ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG