Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадзай ва доктор Абдуллоҳ савганд ёд карданд


Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба ҳайси раисиҷумҳури нави Афғонистон ва Абдулло Абдуллоҳ ба ҳайси раиси иҷроия савганд ёд карданд. Маросими ба ифои вазифа пардохтани онҳо 29 сентябр дар Кобул баргузор шуд.

Барои нахустин бор дар таърихи Афғонистон қудрат аз роҳи мусолиматомез ба раҳбари нав интиқол ёфт. Ҳомид Карзай аз соли 2001 ба ин сӯ раҳбарии Афғонистонро бар ӯҳда дошт.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай рӯзи 21 сентябр, баъди се моҳи даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон расман баранда эълон шуд. Ӯ ваъда супурдааст, ки созиши амниятӣ бо Амрикоро имзо мекунад – бар пояи ин санад баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар поёни соли 2014 як теъдод аз низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон мемонанд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва доктор Абдуллоҳ пас аз моҳҳо рақобат ва ҷангҷоли сиёсӣ дар бораи эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ карданд.

XS
SM
MD
LG