Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сербистон ҳамҷинсгароён раҳпаймоӣ анҷом доданд


Садҳо нафар фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён 28 сентябр дар шаҳри Белград-пойтахти Сербистон раҳпаймоӣ анҷом доданд. Чунин раҳпаймоӣ дар чаҳор соли охир бори аввал баргузор мешавад. Матбуот гузориш медиҳад, ки дар он аз 1000 то 1500 нафар ширкат ҷустаанд.

Ҳазорон нафар пулиси зидди тазоҳурот, гурӯҳҳои вижаи пулис, зиреҳпӯшҳо ва мошинҳои обпош дар масири раҳпаймоӣ ҷой гирифта буданд, зеро хатари ҳамлаи гурӯҳҳои тундрави ростгаро ба раҳпаймоён вуҷуд дошт.

Дар се соли гузашта баргузории чунин раҳпаймоӣ мамнуъ эълон шуда буд, зеро милларгароёни тундрав дар соли 2010 ба раҳпаймоён ҳамла бурда буданд. Он вақт бори аввал раҳпаймоии ҳамҷинсгароён баргузор шуда буд ва дар задухурдҳо 150 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

XS
SM
MD
LG