Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар аввали октябр аз Бадахшон боздид мекунад


Бино ба хабари матбуоти маҳаллӣ, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар оғози моҳи октябр аз Вилояти мухтори Бадахшони кӯҳистонӣ боздид кунад. Дар ин бора як мақоми расмии вилояти мазкур хабар додааст.

Тибқи ин хабар, раиси ҷумҳур аз ноҳияи Ванҷ, водии Бартанг дар ноҳияи Рӯшон ва аз шаҳри Хоруғ боздид хоҳад кард.

Дар давоми солҳои гузашта Хоруғ саҳнаи норизоятии баъзе қишрҳои ҷомеа будааст.

21 маи соли ҷорӣ як қочоқгари маводи мухаддир дар тирандозии пулис кушта 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG