Пайвандҳои дастрасӣ

Аниса Собирӣ, муаллифи китоби "Девонаград", ки ҳамагӣ ду моҳи пеш муаррифӣ шуд, дар ҳамоиши созмони Пен Интернешнл дар Бишкек роҷеъ ба вазъи занон суҳбат хоҳад кард.

Аниса Собирӣ, нависандаи ҷавони тоҷик ва муаллифи китоби “Devanagrad”, дар ҳамоиши ҳаштодуми Pen International, ки бори нахуст дар Осиёи Марказӣ ва он ҳам дар Бишкек баргузор мешавад, дар бораи вазъи занон суханронӣ хоҳад кард. Ин ҳамоиш рӯзи 29 сентябр оғоз ва то 2 октябри соли ҷорӣ идома мекунад.

Ҳамоиши Pen International, ки як созмони ғайрисиёсии байналмилалӣ аст, ба намояндагони маъруф ва ҷавони адабиёт имкон медиҳад, бо якдигар дидору мулоқот карда, таҳдидҳо ба озодии баёнро низ баррасӣ намоянд. Қарор аст, дар ҳамоиши Бишкек Янна Мартел, муаллифи китоби “Зиндагии Пи” (Жизнь Пи), Карлос Гамерро, нависанда ва тарҷумони шинохтаи аргентинӣ ва Олжас Сулаймонов, намояндаи адабиёти Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намоянд.

Адиби ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ нахустин китоби худро бо номи "Девонаград" моҳи августи соли ҷорӣ дар Душанбе муаррифӣ кард. Ҳанӯз пеш аз нашраш китоби аввалини Собирӣ бино бар номаш – “Devanagrad” таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба худ кашида буд. Китоби мазкур бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад, ки шеърҳову ҳикояҳои хурди Анисаро дарбар мегирад. Ӯ аз шогирдони нависандаи маъруфи русзабони тоҷик - Темур Зулфиқоров буда, аз 13-солагӣ ба навиштани шеър оғоз кард кардааст.

Аниса Собирӣ дар ҷустуҷӯи сабк ва ҳарфи нав ӯ талош кардааст, равияҳои мухталифи адабиро бо ҳам омезиш диҳад. Худи ӯ дар мавриди номи китоби аввалинаш гуфт, “Девонаград” аз забони санскрит, яъне ҳам аз тоҷикӣ ва русӣ реша мегирад ва маънояш инсонест, ки дар замини Худованд зиндагӣ мекунад. Ҳангоме ки ба навиштани аввалин шеърам шурӯъ кардам, ҳамин калима дар зеҳнам буд ва гуфта будам, агар нахустин китобам нашр шавад, ҳатман “Девонаград” ном хоҳад дошт.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG