Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Тоҷикистон ба узвият дар Паймони Апостил


Дар нишасти хабарие, ки рӯзи 25-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки дабири кулли конференсияи Гаага доир шуд, изҳор гардид, ки бо шомил шуданаш ба ин конвенсия Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо хоҳад дошт.

Кристоф Бернаскони, дабири кулли конференсияи Апостил гуфт, ки аз ҷумла Тоҷикистон баъди пайвастан метавонад раванди тасвиби ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонашро содда гардонад. Мувофиқи Конвенсияи Гаага барои тафтиши аслии ҳуҷҷатҳо дар кишварҳои узви ин паймон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор мӯҳри Апостил гузошта мешавад. Апостил мӯҳри махсус аст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гузошта мешавад ва ба маънои тасдиқи ин ҳуҷҷат дар кишварҳои узви паймон аст.

Тоҷикистон барои шомил шудан ба конференсияи Апостил дастикам ба 9 қонуну қарор тағйиру иловаҳо ворид карда, муқаррароташро ба ин паймон мутобиқ карда буд. Ҳамакнун дар назар аст, Тоҷикисотн то охири соли 2014 узви конференсияи Апостил шавад.

Кристоф Бернаскони, дабири кулли конференсияи Апостил гуфт, Тоҷикистон метавонад бидуни пардохти маблағе узви ин конференсия шавад, аммо ҳар сол ҳудуди 6 000 доллар ҳаққи узвият хоҳад супурд. Ҳоло барои қонунӣ кардани асноди ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои дигар садҳо доллар масраф мешавад.

Тоҷикистон ба паймони нави ҷаҳонӣ мепайвандад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

XS
SM
MD
LG