Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ле Дриан: Ширкати Фаронса дар амалиёт дар Сурия баррасӣ мешавад


Жан-Ив Ле Дриан
Жан-Ив Ле Дриан

Вазири дифоъи Фаронса Жан-Ив Ле Дриан ширкати кишвараш дар амалиёти ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурия баъид намехонад.

Ӯ рӯзи панҷшанбе, 25 сентябр, ба хабарнигорон гуфт, ки ин мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Чанд соат аз ин пеш раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ширкати Порис дар амалиёт алайҳи ситезаҷӯён дар Сурияро «номумкин» хонда буд. Қаблан вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус ҳам изҳор карда буд, ки барои ширкати кишвар дар амалиёти муштарак алайҳи «Давлати исломӣ» монеъае мавҷуд нест. Аз ин пеш Фаронса бо хоҳиши Бағдод ба амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ ҳамроҳ шуда буд.

Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки 26 сентябр дар нишасти парлумон ӯ барои ширкати Бритониё дар амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ алайҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқ пойфишорӣ хоҳад кард. Зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк ӯ изҳор намуд, ки ин амалиёт дар чаҳорчӯби қавонини байнулмилалӣ мегузарад. Ӯ афзуд, ки Эрон ҳам метавонад ба Эътилофи байнулмилалӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” шомил шавад.

XS
SM
MD
LG