Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд ҳабси хонагии Гулнора Каримоваро таъид кард


Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд

Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд

Додситонии кулли Ӯзбакистон тайид кард, ки Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳур Ислом Каримов, дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва дар фасоду дигар ҷиноятҳо гумонбар мешавад. Дар изҳороти Додситонии кулл аз рӯзи 23 сентябр гуфта шудааст, ки “Каримова эҳтимолан бо истифода аз фишангҳои маъмурӣ ба гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар фасодкорӣ мусоидат кардааст”.

Додситонӣ гуфтааст, ки Имон, духтари 16-солаи Гулнора Каримова, ҳамроҳи модараш аст. Замони ҳабси хонагӣ Гулнора Каримова ва духтараш боре аз вазъи сиҳаташон шиква накардаанд ва Имон, ки зодаи Амрикост, ҳар ҷое, ки хоҳад, метаовнад равад.

Гулнора Каримоваро чанд сол пеш ҷойгузини падари 76-солааш дар мақоми раҳбари Ӯзбакистон мехонданд, аммо соли гузашта ӯ вориди моҷарои марбут ба фасод шуд ва аз тирамоҳи соли гузашта дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Дар ин муддат чанд тан аз шарикони тиҷории духтари раисиҷумҳур, аз ҷумла, Рустам Мадумаров ва Гаянэ Авакян маҳкум ба зиндон шуданд. Аз ҷумла, додгоҳи вилояти Тошканд ду моҳ пеш бо ҷурмҳои напардохтани андоз, пиҳон кардани даромад, шустушӯи пул ва ғайра Мадумаровро ба 10 сол ва Авакянро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG