Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёиши Попи Рум дар Тирана бо ҳузури даҳҳо ҳазор нафар гузашт


Даҳҳо ҳазор пайравони дину мазҳабашон гуногун рӯзи якшанбе, 21 сентябр дар маросими ниёши Попи Рум Фраксиск дар майдони Модар Терезаи шаҳри Тирана ширкат карданд.

Аз ин пеш Попи Рум бо Буёр Фоиқ Нишонӣ, раисиҷумҳури Албания, ягона кишвари асосан мусалмоннишини Аврупо, мулоқот кард ва Албанияро намунае барои ҳамзистии намояндагони динҳои гуногун номид.

Барои таъмини амнияти сафари раҳбари калисои католики олам се ҳазор корманди полиси Албания сафарбар шудаанд. Аз ин пеш Вотикон эълом дошт, ки ба хотири таъмини амнияти раҳбари католикҳои олам ягон чораи вижаи амниятӣ андешида нашудааст, ҳарчанд ба навиштаи бархе расонаҳои ғарбӣ, як гурӯҳи наздик ба “Давати исломӣ” таҳдиди сӯиқасд ба ҷони Попи Румро кардааст.

Тақрибан 10 дар сади аҳолии Албания пайравони дини католикиянд ва 60 сад – мусалмонҳои суннимазҳаб. Раҳбари мустабиди Албания Анвар Ҳохса соли 1967 кишварро “ягона давлати даҳрӣ (атеистӣ) дар олам” эълон кард ва ба дуболи он тақрибан 40 рӯҳонии католик зиндонӣ ва эъдом шуданд.

XS
SM
MD
LG