Пайвандҳои дастрасӣ

Ашрафғанӣ ва доктор Абдуллоҳ созиши тақсими қудратро имзо карданд


Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ду номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи якшанбе, 21 сентябр, дар маросиме дар Кобул, зери созиш оид ба тақсими қудрат ва таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар пояи ин санад Ашрафғанӣ дар мақоми раисиҷумҳури Афғонистон ва доктор Абдуллоҳ дар мақоми нави раиси иҷроӣ фаъолият хоҳанд кард. Номзадҳо шоми рӯзи шанбе ба ин тавофуқ расида буданд.

Маросими имзои созишнома аз тариқи телевизиони миллли Афғонистон мустақиман намоиш дода шуд. Баъд аз имзо Ашрафғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ҳамдигарро оғӯш карданд. Раисиҷумҳур Ҳомид Карзай онҳоро табрик гуфт ва изҳори умедворӣ намуд, ки ин ду сиёсатмадор барои сулҳу шукуфоии Афғонистон талош хоҳанд кард.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, ки ҳафтаи оянда Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба ҳайси раисиҷумҳури Афғонистон савганд ёд хоҳад кард.

Қарор аст, ки Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон рӯзи якшанбе натиҷаҳои расмии раъйдиҳӣ дар даври дуввуми интихоботи президентии Афғонистонро эълон кунад.

XS
SM
MD
LG