Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти солонаи ҲХДТ бо ширкати Э.Раҳмон


Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) анҷумани пешазинтихоботиашро ба рӯзи 13 декабр таъин кардааст. Ин тасмими рӯзи 18 сентябр дар нишасти солонаи раёсати ҲХДТ эълон шуд. Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи итилооти ҲХДТ рӯзи 18 сентябр ба Озодӣ гуфт, дар анҷумани моҳи декабр бояд рӯйхати номзадҳои ҳизб ба интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 тасвиб шавад. Нишасти имрӯза таҳти раҳбарии раиси ҳизб, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон хостори ҷалби бештари ҷавонону занон ба рӯйхати номздаҳои ҳизъ шуда, аммо дар робита фаъолияти як соли ахири бахшҳои ҳизб дар вилояту навоҳии кишвар изҳори норозигӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазоифи аслии ҳизбро мубориза бо гаравидани ҷавононн ба гурӯҳҳои тундравву террористӣ номидааст.

ҲХДТ бо беш аз 200 000 узв бузургтарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 55 курсиашро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG