Пайвандҳои дастрасӣ

“Зоррои тоҷик” – китобе дар бораи кору зиндагии Иззатулло Шарифов


Генерал Иззатулло Шарифов

Генерал Иззатулло Шарифов

Иззатулло Шарифов, ки номаш дар робита ба шиканҷаи зиндониён пайваста дар сархатти расонаҳост, дар китоби “Зоррои тоҷик” ҳамчун марди некӯ ва намунаи ибрати дигарон тасвир ёфтааст.

Китоби “Зоррои тоҷик”, ки аз кору зиндагии Иззатулло Шарифов -- муовини вазири адлия ва раиси Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон, маъруф бо лақаби "Зорро" қисса мекунад, ба чоп омода шудааст. Гули Зард, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи китоб, мегӯяд, барои навиштани он ду сол заҳмат кашидааст.

“Умре орзу доштам, дар бораи одамони наҷиб чизе нависам. Аз накӯкорон ва некномон бояд нишоне дар олам бимонад. Намедонам то кадом андоза муваффақ шудаам, аммо хонандаҳои нахустинам, ки аҳли хонаводаам ҳастанд, алакай ӯро ғоибона дӯст доштаву эҳтиром мекунанд”,-гуфт Гули Зард.

Муаллифи китоби “Зоррои тоҷик” мегӯяд, “бисёриҳоро мешиносам, ки баъди соҳибвазифа шудан хешу таборро одам намеҳисобанд ё аз боло ба поён нигариста, ҳарф мезананд. Куллан тағйир меёбанду дигар худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд. Иззатулло дигар аст. Хоксору ҳалим ва арзандаи таърифу таҳсин”. Ин рӯзноманигори тоҷик бовар дорад, аз рӯи зиндагиномаи Иззатулло Шарифов метавон як филми бисёрсериягӣ ба навор гирифт, то ба қавли ӯ, "ибратбахши пиру ҷавон бошад".

Ба чоп омода шудани китоби вижа дар бораи кору зиндагии Иззатулло Шарифов дар ҳолест, ки чанд соли ахир исми ӯ дар робита бо шиканҷаи зиндониён, бахусус марги мармузи Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор дар зиндони рақами яки Душанбе, дар сархатти расонаҳо қарор дорад. Инчунин, маҳбусоне, ки аз зиндон раҳо мешаванд, аз ӯ як марди хашмгин ном мебаранд.

Гули Зард мегӯяд, то куҷо воқеият доштани ин ҳарфҳоро нисбат ба қаҳрамони матлабаш ҳам зикр кардааст: “Адолат гоҳо тавассути хашм аст ва бе ин намешавад. Лаҷоми ҳар кор дар дасти лаҷомдор аст ва агар ӯ суст монад, оқибати нек надорад. Ӯ танҳо бо зердастоне сахтгир аст, ки кор кардан намехоҳанд ва ё аз ҳад “мегузаронанд”. Танҳо дар ҳамин ҳолат. Дигар аз ӯ дида инсони ҳалимеро вонахӯрдаам. Шогирдонаш аз падар боло ва аз додар бештар дӯсташ медоранд”.

Интизор меравад, китоби “Зоррои тоҷик”, ки беш аз 200 саҳифа аст, ба истиқболи ҷашни 90-солагии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо теъдоди 1000 нусха нашр шуда, рӯзҳои наздик дастраси хонандагон гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG