Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И.Шарифов: "Танҳо президент маро барканор мекунад"


Иззатуллоҳ Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон.
Иззатуллоҳ Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон.
Иззатуллоҳ Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон дар вокуниш ба талаби истеъфои худ аз ҷониби бархе волидони маҳбусони норозӣ гуфтааст, ки ӯ аз ҷониби президент таъйин шуда ва танҳо раиси ҷумҳури ҳаққи барканор кардани вай аз мақомашро дорад. Ба навиштаи хабаргузории «Азия Плюс», оқои Шарифов гуфтааст, ки "инро рад намекунем, ки дар фаъолияти мо нуқсонҳо вуҷуд надорад, вале дар талоши ислоҳи он ҳастем."

Дар авоили моҳи марти соли равон волидони бархе аз маҳбусони норозӣ хостори истеъфои Иззатуллоҳ Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон шуданд. Волидони маҳбусони норозӣ бо ирсоли як нома ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ёвари вазири умури хориҷии ИМА Роберт Блейк ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, истеъфои сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарипов, Сарпрокурори назоратӣ Толиб Азимов ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро тақозо кардаанд. Дар номаи мазкур 320 волидони маҳбусони норозии зиндонҳои мухталифи кишвар ва зиндониёне, ки тайи чанд соли ахир бар асари шиканҷа фавтидаанд, имзо гузошта буданд.
XS
SM
MD
LG