Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

6 миллиард доллар ваъдаи сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон


Бар асоси санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Чин, Пекин дар се соли оянда ба иқтисоди кишвар 6 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Давлати Чин дар се соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон 6 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин”, ки 400 километр тӯл дорад, дар рустои Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баён дошт. Ин лӯлаи газ, қарор аст, солона аз Туркманистон тариқи Узбакистон ва Тоҷикистону Қирғизистон ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад.

"ДӮСТИ СОДИҚ"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронияш дар ин маросим дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди кишвари мо се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст. “Тоҷикистон имрӯз, ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти содиқ ва шарики боэътимод, бори дигар манфиатдории амиқи худро дар рушди муштараку ҳамқадам бо кишвари бузурги Хитой нишон дод. Мо мақсад дорем, бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду кишвар ва мардумамон бо ҳукумат ва доираҳои соҳибкории Хитой ҳамкории зичи дарозмуҳлатро идома диҳем”,-таъкид дошт президент Раҳмон.

Ӯ афзуд, “мехоҳам, бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи даҳ соли охир ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоямон босуръат ва мунтазам тавсеа меёбад. Муомилоти молии дуҷониба ҳанӯз се сол қабл ба сатҳи ду миллиард доллари амрикоӣ расида буд. Ин комёбиҳоро мо натиҷаи таваҷҷуҳи бузурге медонем, ки роҳбарияти Хитой ба таъмиқу тавсеаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Хитой дорад.”

"ТЕЦ 2"-и БЕЗАРАР?

Бо вуҷуди манофеи иқтисодии тарҳи мазкур барои Тоҷикистон мушкили норасоии гази табиӣ дар кишвар боқӣ мемонад, зеро бар асоси қарордод, Тоҷикистон ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо нахоҳад дошт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз зуҳри шанбе бо ҳамтои чинияш Сӣ Ҷинпин дар маросими ба истифода додани “мошини дуюми навбати аввал ва оғози сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ҳам иштирок кард. Ӯ гуфт, бар асоси нақша, навбати дуюм бояд баъд аз ду сол ба истифода дода шавад. “Шубҳае нест, ки ин кор дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба иҷро мерасад”,-афзуд ӯ.

Оқои Раҳмон дар идома афзуд, миқдори гармие, ки баъди фаъол гардидани навбати дуюми иншоот истеҳсол мешавад, натанҳо барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ кофӣ хоҳад буд. Вай илова кард, “ҳифзи боэътимоди муҳити зист аз партовҳои зарарнок ва ифлосшавӣ таъмин карда мешавад”. Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта шуданд, ки баъди ба истифода додани даври аввали Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бисёре аз сокинони атрофи он шикоят карда буданд, дуде, ки аз он ҷо берун меояд, ҳаворо ғуборолуд намуда, барояшон зиён мерасонад.

300 МИЛЛИОН ЮАН

Дар пайи дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чинияш -- Сӣ Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, 16 санад, аз ҷумла барномаи ҳамкории Душанбеву Пекин барои солҳои 2015-2020 имзо шуд. Ин мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Чин субҳи шанбе дар Қасри Миллат сурат гирифт.

Тоҷикистону Чин дар масъалаи истирдоди афроди муттаҳам ба якдигар низ аҳд баста, Пекин гуфтааст, барои Душанбе 300 миллион юан кумаки бебозгашт ё грант хоҳад кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, созишномаи сармоягузорӣ миёни кишвар ва ширкати чинии “Хуаксин Семент ЛТД” дар бораи сохта ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Суғд ва Данғараи Хатлон низ имзо шудааст.

ТАЙВАН

Илова бар ин, ҷонибҳо бо пахши баёнияе гуфтаанд, муносибатҳои дӯстонаро идома дода, “аз иштирок дар гуруҳҳои душманонаи зидди истиқлол, бехатарӣ ва ягонагии арзии яке аз тарафҳо равонашуда худдорӣ хоҳанд кард”. Дар идома ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Тайванро ҷузъи ҷудонопазири Чин медонад ва муқобили “истиқлолияти Тайван” дар ҳама гуна шакл аст.

КАНДАНИҲО

Раҳбарони Тоҷикистону Чин барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши канданиҳои фоиданок ва коркарди онҳо бо ҳадафи ба даст овардани манфиат ва бурди муштарак изҳори омодагӣ кардаанд. Ҷониби Чин гуфтааст, таҷҳизоти муосири энергетикию иқтисодиро барои мусоидат ба Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба норасоии барқ пешниҳод хоҳад кард. Дар банди чоруми баёнияи Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин гуфта шудааст, “терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм чун хатари ҷиддӣ ба сулҳу истиқрор дар минтақа боқӣ мемонанд. Тарафҳо... минбаъд низ робитаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва дифоъро таҳким мебахшанд, якҷоя бо “се қувваи шарр”, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккилонаи фаромиллӣ мубориза хоҳанд бурд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG