Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва Чин


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода (аз чап) бо раиси Хадамоти амнияти Чин Менг Ҷянжу
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода (аз чап) бо раиси Хадамоти амнияти Чин Менг Ҷянжу

Расонаҳои Чин дар робита ба сафари вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Пекин навиштаанд, ки ду кишвар ҳамкориро дар мубориза бо ҷудоихоҳӣ, терроризм ва тундгароӣ густариш медиҳанд.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии Чин “Синхуа” ҳадаф аз сафари вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Пекин, ки рӯзи 20-уми август ба поён расид, таҳкими робита миёни ниҳодҳои интизомии ду кишвар будааст. Дар Пекин ҷаноби Раҳимзода бо раиси Хадамоти амнияти Чин Менг Ҷянжу ва вазири амнияти оми Чин Гуо Шенгкун дидору гуфтушунид доштааст. Дар ин нишастҳо ду тараф ба ҳам ваъда додаанд, ки ҳамкориро дар мубориза бо ҷудоихоҳӣ, терроризм ва тундгароӣ густариш хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи гузашта нооромиҳо дар вилоряти мухтори Шинҷону Уйғури Чин ба марзҳои Бадахшони Тоҷикистон наздиктар кӯчида, 29-уми июл бар асари ошӯбҳо дар шаҳракҳои Элишкуи ноҳияи Шаче Ксиан, Хуандӣ ва Ёрканди Чин, дар марз бо Тоҷикистон, 13 нафар кушта шудаанд.

Авзоъ дар марз сабаб гашт, ки Сарраёсати сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки бо супориши генерал Раҳмоналӣ Раҷабалӣ -- фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон назорат ба вазъи марзро таҳким диҳад.

Ба иттилои хабаргузории расмии Чин «Синхуа» даҳҳо нафари мусаллаҳ дар шаҳраки Элишкуи ноҳияи Шаче Ксиан бо аслиҳаи сард ба идора ва муассисаҳои давлатӣ ва посгоҳҳои полис ҳамла карданд. Қисме аз онҳо дертар ба шаҳраки Хуандӣ ҳамла кард. Дар он ҷо онҳо ба раҳгузарон дарафтоданд ва мошинҳои оддиву полисро ба оташ кашонданд.

Вилояти мухтори Шинҷону Уйғур яке аз минтақаҳои барои Чин мушкил аст, зеро созмону гурӯҳҳои пинҳонкори он барои ҷудоии ин минтақа аз Чин мубориза мекунанд. Онҳо ҳукумати Чинро масъули поймол шудани ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ мешуморанд. Манобеи давлати Чин мегӯянд, дар ин ҷо гурӯҳ ва созмонҳои тундрави исломӣ амал мекунанд ва пайваста суботро дар ин ҷо баҳам мезананд.

Вилояти Шинҷон-Уйғур бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз буда, ақаллияти бузургтарини қавмиаш уйғурҳоянд, ки забонашон аз хонаводаи забонҳои туркист. Дар минтақаи Тошқӯрғони вилояти Шинҷон тақрибан 70 000 тоҷикҳо низ ба сар мебаранд, ки ба лаҳҷаи сарикӯлӣ ҳарф мезананд.

Дар дидор бо вазири умури дохилии Тоҷикистон раиси Хадамоти амнияти Чин Менг Ҷянжу, ки ҳамзамон сардори Кумиссюни умури сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин ва узви Бюрои сиёсии ин ҳизб низ ҳаст, изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои интизомии Чин ва Тоҷикистон эътимоди байниҳамиро таҳким ва ҳамкории ҳамаҷонибарои густариш хоҳанд дод. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар навбати худ гуфтааст, аз рушди ҳамкориҳои васеи ду тараф ҳимоят хоҳад кард. Ду тараф табодули маълумот ва тамрину омӯзиши мутаххасисонро аз самтҳои муҳими ин ҳамкорӣ шумурдаанд. Менг инро ҳам изофа кардааст, ки тарафи Чин дар таъмини амнияти нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи сентябр дар Душанбе ба Тоҷикистон мадад хоҳад кард.

Ду ҷониб пойбандии худро ба ёддошти тафоҳуми соли 2002 ва созишномаҳои солҳои 2012 ва 2014 изҳор доштанд. Вазорати амнияти оми Чин гуфтааст, то моҳи августи соли равон Чин дар таҳсилу бозомӯзии 329 корманди интизомии Тоҷикистон саҳм гирифтааст, ки дар риштаҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва маъмурияти убуру мурур кор мекардаанд.

Сафари вазири умури дохилии Тоҷикистон ба Чин дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки равобити миёни ду кишвар густариши бештар пайдо мекунад. Як моҳ пеш вазири корҳои хориҷии Чин Ван И меҳмони Душанбе буд ва барномаи сафари раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпингро ба Тоҷикистон ҳамоҳанг кард.

Аз 24 то 29-уми август 200 сарбозу афсари Тоҷикистон дар размоиши «Рисолати сулҳ -2014» дар ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилӣ дар шимоли Чин ширкат мекунанд. Ин тамринҳо ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар ҳолест, ки то поёни соли 2014 нерӯҳои байнулмилалӣ бояд аз Афғонистон берун шаванд. Хуруҷи НАТО кишварҳои минтақаро нисбати амнияти он дар оянда нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG