Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлол


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ва тоҷикони берунмарзиро ба муносибати бистусевумин солгарди истиқлоли кишвар табрик намуд. Паёми телевизионии президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз 8 сентябр аз тариқи шабакаҳои телевизиони пахш шуд ва Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти худ гуфт, ки «имсол ҷашни истиқлол дар остонаи 20 - солагии Конститутсия, 20 - солагии суруди миллӣ ва 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол мешавад.»

Президенти Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳо шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавориро аз барномаи аслии стратегии кишвар унвон кард. Президенти Тоҷикистон ба вижа аз ҷавонон даъват кард.ки забони модарии худро эҳтиром гузоранд ва ба «мақому эътибори забони давлатӣ» ва «поку бегазанд» нигоҳ доштани он талош кунанд ва дӯст доранд: «…дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз тазодҳо эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ фарҳангиён ва умуман аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд.»

Аммо ба сурати умум ин табрикномаи президенти Тоҷикистон мисли паёмҳои пешин аз «шукргузорӣ», «марҳалаи дурахшону пурифтихор», «бо эҳсоси ифтихор», «ифтихор аз ватани аҷдодӣ», «офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ», «сиришти маънавии тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард», «ҳисси ифтихор аз давлатдории миллӣ» ва аз ибораву ҷумлаҳои ботантана иборат мебошад.

XS
SM
MD
LG