Пайвандҳои дастрасӣ

Малола: "Худоё, бо ин дунё чӣ шудааст?"


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Духтараки навраси покистонӣ Малола Юусуфзай, ки соли 2012 барои таблиғи таълиму тадрис ҳадафи тири мусаллаҳон қарор дошт, 17 сола шуд.

Ҳоло Малала корманди барномаи “Омӯзишу парвариш дар дараҷаи аввал” –и Созмони Милали Муттаҳид ва аз 58 миллион кӯдак намояндагӣ мекунад, ки ба таҳсил дастрасӣ надоранд. Дар остонаи зодрӯзи Малала, хабарнигори Озодӣ Малали Башир ин духтараки ҷасурро табрик кард ва ба ӯ чанд суол дод.

Радиои Озодӣ: Қиссаи захмӣ шудани шумо ҷаҳонро такон дод, дар ин диду боздидҳои саросари ҷаҳон шуморо чӣ такон дод?

Малола: Ман танҳо нафаре нестам, ки ҳуҷумро таҷриба кардаам. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон инсонҳо ҳамарӯза мавриди ин гуна ҳуҷумҳо қарор мегиранд, дар Сурия, дар Фаластин, дар Ироқ. Инсонҳо бидуни онки бидонанд гуноҳашон чист, танҳо барои пешаи худ қурбон мешаванд. Дар яке аз минтақаҳои марзии байни Урдун ва Сурия ман 50-60 нафареро дидам, ки аз Сурия ба Урдун мерафтанд. Модарҳоеро дидам, ки бори сангин дар дӯш, умедро дар пайдо кардани ҷойе барои хуфтан ва сояе барои нафасро рост кардан гум карда буданд. Кӯдакҳоеро дидам урён, ки барои пӯшонидани бадани худ пораи матоъ ҳам надоштанд, ҳолашон вахим буд ва рӯзҳо чизе нахӯрда буданд. Ин маро такон дод. «Худоё бо ин дунё чӣ шудааст?- пурсидам аз худ, чаро инсонҳо бояд сарсону саргардон бошанд? Гуноҳи онҳо чист?» Ба қароре расидам, ки мо бояд ба ин одамҳо кӯмак кунем, қиссаҳои талхи онҳоро ба гӯши дунё расонем. Ин одамҳо дар бораи зиндагӣ дар кохҳо ва мошинҳои қимматбаҳо фикр намекунанд, онҳо танҳо оромиш мехоҳанд ва бозгашт ба хонаҳои худро.

Радиои Озодӣ: Аз бунёди худ бигӯед, ба кӣ кӯмак кардед, чӣ дастоварде доред.

Малола: «Бунёди Малола» бо он ки камтар аз як соли пеш таъсис ёфт, аммо корҳои хуберо анҷом дод. Дар водии Своти Покистон, ки аз меҳнати кӯдакон ба таври густарда истифода мешавад, мо барномаи кӯмак ба кӯдаконро ба роҳ мондем. Ин барнома аз ҳама пеш ба кӯдаконе дахл дорад, ки ба корҳои хадамотӣ ё хизматгорӣ дар хонаҳои хусусӣ машғуланд. Мо ба онҳо бурс ё стипендия медиҳем, то мактаб бираванд ва дарс бихонанд. Дар Урдун мо ба паноҳандагони суриягӣ кӯмак мекунем, ки бачаҳояшон бесавод намонанд.Ҳамин тавр ба кӯдакони Кения, ки аз нодорӣ наметавонанд таҳсил кунанд.

Радиои Озодӣ: Шумо дар китоби худ аз муҳаббат ба водии Свот қисса кардаед. Мехостед ба он сарзамин баргардед?

Малола: Ман дар ин дунё бисёр сарзаминҳоро дидам, аммо маконе зеботар аз Свотро пайдо накардам. Мехоҳам ба Свот, ба хонаи худ баргардам. Ман ифтихор дорам, ки аз ин водӣ ҳастам ва афғон ҳастам. Агар худо бихоҳад, умедворам, ки рӯзе битавонам ба Свот баргардам.

Радиои Озодӣ: Шумо зуд-зуд зикри падарро мекунед. Дар китобатон ҳам аз падари худ ёд кардаед. Бигӯед, ки дар пешрафтҳои шумо модаратон чӣ нақш дорад?

Малола: Нақши модарам дар зиндагии ман камтар аз падар нест. Модарам ҳамеша бо падар аз талошҳои ман пуштибонӣ мекард. Модарам таълим, тадрисро дӯст медорад ва ҳоло ҳам барои омӯзиш талош дорад. Ҳоло модарам дар маркази омӯзишӣ дарс мегирад. Ӯ бисёр афсӯс мехӯрад, ки сари вақт таҳсил накард, аммо мегӯяд ҳоло ҳам дер нашудааст.

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо сарфи назар аз ҷавонӣ шуморо хирадманд мегӯянд, бигӯед, ки оё дилатон барои кӯдакии барбодрафта намесӯзад?

Малола: Он чӣ дар Свот аз сари ман гузашт, зиндагиамро барои ҳамеша дигар кард. Вақте ман дарк кардам, ки духтарҳо наметавонанд ба мактаб раванд, ин ки таркишҳо ҳамарӯза ба вуқӯъ мепайванданд, ин ки зиндагии инсонҳо дар хатар аст, зиндагиам комилан дигар шуд. Он вақт ман тасмим гирифтам, ки худро сарфи кори таълиму тадрис ва сулҳ кунам. Ҷоизаҳое, ки ман гирифтам, бароям бисёр азиз ҳастанд. Ман ба ҳамаи онҳое, ки аз ман пуштибонӣ кардаанд, сипос мегӯям. Хушбахтии даврони кӯдакии ман танҳо бо арӯсакҳо ва пироҳани зебо маҳдуд намешавад. Орзуҳои ман, танҳо бо баъзе истисноҳо, аз орзӯи кӯдакони дигар фарқе надорад. Ман ҳам мисли кӯдакони дигар бо бародаронам бигу магу мекунам. Аммо аз таҳи дил мекӯшам, ки ба ҳадафи зиндагиам- таъмини тадрис барои ҳар як кӯдак бирасам.

XS
SM
MD
LG