Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Малола Юсуфзай, духтари навҷавони покистонӣ, ки бинобар талошҳояш барои фароҳам кардани имконоти таҳсил барои духтарон мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифт, рӯзи ҷумъа дар СММ суханронӣ мекунад.

Нуҳуми октябри соли 2012 вақте, ки Малола дар автобуси мактаб ба хона бармегашт, аз тири Толибон аз сар ва гарданаш захмӣ шуд. Малола марҳилаҳои табобатро дар бемористоне дар Бритониё гузаронид.

Рӯзи ҷумъа ҳамзамон бо 16-умин рӯзи таваллудаш Малола дар ҳузури чаҳор ҳазор тан аз донишомӯзон дар СММ суханронӣ хоҳад кард. Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ дар паёме ба ҳамин муносибат гуфтааст, ки имрӯз дипломатҳои Созмони Милали Муттаҳид ҷои худро ба садҳо донишомӯз аз 80 кишвар ҷаҳон хоҳанд дод. Онҳо гирдиҳам хоҳанд омад то бигӯянд, ки омӯзиши босифату бокайфият ҳаққи ҳамагонӣ мебошад.

Малола Юсуфзай, ки барои дарёфти ҷоизаи Нобел низ номзад шудааст, ба намоде аз ҳаққи таҳсил барои духтарони ҷавон табдил шудааст. Дар моҳи апрели соли равон маҷаллаи «Time»-и амрикои Малола Юсуфзайро ба феҳрист 100 шахсияти машҳури ҷаҳон ворид кард.

Юсуфзай барои баррасии мушкилоти сокинони водии Свот ба ҷоизаҳои байналмилаливу миллӣ сарфароз шудааст. Дар навиштаҳои худ Малола сарнавишти мардуми оддӣ, занҳову духтарҳоро дар минтақаи пурхушунати зери назари Толибонро тасвир кардааст, ки баъдан дар блогҳои Би-би-сӣ нашр шудаанд. Тахминан ду сол инҷониб ёддоштҳои Юсуфзай ҳамчун блог дар шабакаи Бӣ-бӣ-сӣ нашр шуда, ба ин навраси ҷасур чандин ҷоизаи байналмилаливу покистонӣ овардаанд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG