Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Муҳаққиқ: "Тими баранда президент ва бозанда раиси Шӯрои иҷроия мешавад"


Муҳаммади Муҳаққиқ.

Муҳаммади Муҳаққиқ.

Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дувуми Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, бар асоси мувофиқати катбӣ миёни ҳар ду номзад, раҳбарии шӯрои иҷроия ба номзади бозанда дода хоҳад шуд.

Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дувуми тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки ҳар ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тавофуқ кардаанд, ки номзади барандаи интихобот, раёсати шӯрои иҷроияро ба номзади бозанда хоҳад дод. Муҳаммади Муҳаққиқ мегӯяд, ки бо гузашти замон мақоми иҷроия ба нахуствазирӣ мубаддал хоҳад шуд, ки дар он вақт аз сӯи парлумон раъйи таъйид ба даст хоҳад овард.

Оқои Муҳаққиқ рӯзи душанбе дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳукумати нав, ки баъд аз бозшумории орои мардум ва зери назари нозирони байналмилалӣ ба миён меояд, ҳукумати эътилофӣ ҳам метавон гуфт:

"Тасмим ҳамин аст. Ҳар тиме ки аввал мешавад, раиси ҷумҳур ва ҳар тиме, ки дувум мешавад, раиси шӯрои иҷроия. Инро баъзеҳо ҳукумати эътилофӣ ва баъзеҳо ҳукумати ваҳдати миллӣ мегӯянд. Чун ҳама ҷиноҳҳои сиёсӣ инҷо шарик мешавад, дигар ваҳдати миллӣ аст, эътилофӣ ҳам метавонем бегӯем."

Пас аз шикасти бунбасти интихоботи Афғонистон ба миёнҷигарии вазири умури хориҷии Амрико ва намояндаи вижаи СММ, ҳар ду номзади раёсати ҷумҳури Афғонистон ба ҳадафи ҳифзи субот дар он кишвар ба эҷоди як ҳукумати ваҳдати миллӣ ба созиш расиданд. Ҳарчанд ба ташкили Шӯрои иҷроия ва салоҳиятҳои он дар Қонуни асосии Афғонистон ишорае нашудааст, аммо тими интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай, мегӯяд, ки ин тим пас аз пирӯзӣ дар интихобот барномаи эҷоди ин шӯроро дорад.

Довуд Султонзай, як тан аз аъзои аршади тими Тадовум ва таҳаввул ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тасмими ин тим, раёсати Шӯрои иҷроияро ба Аҳмадзиё Масъуд хоҳанд дод, на ба номзади бозанда. Оқои Султонзай гуфтааст, ки акнун дар мавриди салоҳиятҳои ин шӯро маълумот дода наметавонад, аммо афзуд, ки ҷузъиёти бештар пас аз эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот аз сӯи раиси ҷумҳури нав эълон хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Насруллоҳ Станакзай, устоди ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул, эҷоди Шӯрои иҷроия аз сӯи номзади баранда бидуни таъйиди парлумони Афғонистон, хилофти усули интихобот ва демократия медонад. Вай гуфт, бар пояи Қонуни асосӣ, дар таъсиси воҳидҳои идорӣ нақш ва тасмимҳои парлумон зарурӣ аст. Оқои Станакзай мегӯяд, ҳар гоҳ салоҳияти раиси Шӯрои иҷроия аз лиҳози ҳуқуқи баландтар аз вазирон бошад, бояд шарҳ дода шавад ва дар сурате, ки салоҳиятҳои ин Шӯро ҳамсатҳи як вазир бошад, бояд аз сӯи парлумон мавриди таъйид қарор бигирад.

То кунун рӯшан нест, ки изҳороти зидду нақиз аз сӯи намояндагони ҳар ду тими интихоботӣ ба кадом ҳадаф сурат мегирад. Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай то кунун дар мавриди таъйини раиси ин Шӯро чизе нагуфтаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG