Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи овозҳои интихоботи Афғонистон бозшуморӣ мешавад


Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар мавриди тафтиши сад дар садии оро ва ҳамчунин ташкили як ҳукумати ваҳдати миллӣ ба созиш расидаанд.

Ҷон Кери вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар ду рӯзи гуфтугӯҳо дар Кобул дар бораи тафтиши 100 дарсадии варақҳои раъйдиҳӣ таҳти назорати байналмилалӣ ва ҳамчунин ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ кардаанд.

Ин суханонро Ҷон Керри шаби гузашта дар нишасти хабарӣ дар Кобул дар ҳоле гуфт, ки ду номзади раёсати ҷумҳури Афғонистон дар канораш қарор доштанд. Ӯ афзуд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳар ду тавофуқ кардаанд, ки натиҷаҳои ба дастомада аз тафтишро -- ҳар кӣ баранда шуд, мепазиранд ва ба дунбол як давлати ваҳдати миллӣ ташкил медиҳанд: "Ҳар ду номзади раёсати ҷумҳури тавофуқ карданд, ки натиҷаи тафтиши ороро мепазиранд ва барандаи интихобот раиси ҷумҳур хоҳад шуд ва ба таври фаврӣ ҳукумати ваҳдати миллиро ташкил хоҳад кард."

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди тафтиши сад дар садии оро ва ҳамчунин ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ таъкид карда ва гуфт: "Мо ваъда супурдем, ки бо такмили раванди тафтиши оро, дар садади ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ бароем ва иншоаллоҳ ки мо инро ба хайри Афғонистон ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Афғонистон медонем ва ба ин мувофиқа расидем."

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон низ бар зарурати ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пас аз тафтиши оро таъкид кардааст: "Аз рӯзи аввал, ки ман худро номзад кардам, ба ин ақида будам, ки формулае, ки дар он баранадаи интихобот худро соҳиби ҳама чиз бидонад, дар Афғонистон кор намедиҳад. Ҷои хушбахтӣ аст, ки ҷалолатмаоб доктор соҳиб Абдуллоҳ ва ман мувофиқат кардем, ки баъд аз эълони натиҷаҳо як ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил хоҳад шуд, то ба тамоми мардуми Афғонистон хизмат намоем."

Ҳар ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамчунин аз раиси ҷумҳури амалкунанда Ҳомид Карзай хостаанд, то таърихи маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури ояндаро бинобар тафтиши оро, ба таъхир биандозад.

Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай аз тавофуқ ва суханони ҳар ду номзади мақоми раёсати ҷумури истиқбол кард ва гуфт, ки умедвор аст раванди тафтиши сад дар садии оро ба зудтарин фурсати мумкин оғоз мешавад.

Вазири умури хориҷии Амрико, ки барои ҳалли ҷанҷоли даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи ҷумъа вориди Кобул шуд, гуфт, ки тафтиши оро аз имрӯз, 13 июл дар марказҳои раъйдиҳӣ дар Кобул шурӯъ мешавад. Ӯ афзуд, ки тафтиши оро дар Кобул ва таҳти назорати байналмилалӣ бар пояи пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид анҷом хоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Керрӣ, сандуқҳои раъй аз минтақаҳо ба Кобул аз сӯи нерӯҳои ISAF интиқол дода мешавад. Намояндагони ҳар ду тими интихоботӣ ҳам таҳти назари СММ иҷозаи дастрасӣ ба сандуқҳои раъйдиҳиро хоҳанд ёфт. Вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки раванди тафтиши оро бо баландтарин меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

XS
SM
MD
LG