Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Коммиссияи Аврупо ба зарардидагони офати табиӣ


Комиссияи Аврупо барои кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон 88 871 евро ҷудо кардааст. Аз дафтари намояндагии Комиссияи Аврупо дар Душанбе рӯзи 14-уми июл хабар доданд, ин кӯмакҳо барои дастгирии беш аз 5000 нафароне, ки аз селобҳои баъд аз боронҳои сахти аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ зарар диданд, равона шудааст. Дар ҳодисаҳои табииӣ моҳи май дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон беш аз ҳазор оила зарар дида, шумораи зиёди онҳо хонаҳояшонро аз даст дода дар биноҳои мактабҳо, масҷидҳо ва ё дар хонаҳои хешовандонашон муваққатан ҷойгир карда шуданд. Намояндагии Коммиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ин маблағро ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар ихтиёри Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои расондани кӯмакҳои моддӣ ба зарардидагон қарор додаст. Гуфта мешавад, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ин маблағро барои таъмин намудани зарардидагон бо пӯшокворӣ, кӯрпача, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз сарф хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG