Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кабирӣ: "Ҷои созишро фишор гирифтааст"


Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҷои муколамаро тӯҳмату таҳқир ва ҷои созишро фишору таҳдид гирифтааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар паёме ба муносибати 17-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ гуфтааст, ки рақибони сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон талош мекунанд, ки рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва созишро дар ҷомеа камранг намоянд. Ба андешаи оқои Кабирӣ, ваҳдати ҷонибҳо дар Тоҷикистон натиҷаи муколама ва созиши андешаҳо ва афкори диниву дунявӣ дар кишвар буд, аммо имрӯз доираҳое мухолиф ба ваҳдат муваффақ гаштанд, ки аз нав фазои мухолифат ва нобовариро эҷод намоянд. Ба бовари раҳбари ҲНИТ, ҳамин тавр қадам ба қадам ҷойи муколамаро тӯхмату таҳқир ва ҷойи созишро фишору таҳдид гирифтаааст. Ба назари раҳбари ҲНИТ, баъзеҳо корҳоеро барқасдона анҷом медиҳанд, то фазои сулҳу оромиш барҳам бихурад ва субот аз байн биравад.
Оқои Кабирӣ аз ин доираҳои мухолифи сулҳ ба сароҳат ёд накард, аммо мегӯяд, «онҳо бо ҳар васила талош менамоянд, ки онро барҳам бизананд ва ё ҳадди ақал, онро дар чашми мардум камарзиш нишон бидиҳанд. Мехоҳанд Сулҳу Ваҳдати миллиро аз як раванди такомулии зинда ва мавҷуд дар ҳаёти миллату кишвар ба як саҳифаи таърихи гузашта ва санаи хушки беруҳ мубаддал кунанд."

Раҳбари ҲНИ умедворӣ кардааст, ки бо вуҷуди мушкилоти вуҷуддошта, набояд рӯҳияи хушбинӣ ва хушгумониро аз даст равад ва ҳар кадом дар чорчӯби имконоти худ барои ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ талош варзад. Ӯ мегӯяд, ки дар ин росто ҲНИТ моҳи ҷориро барои аъзо ва ҷонибдоронаш моҳи таҳкими сулҳу ваҳдат эълон намуда ва амалӣ гардонидани чораҳои имконпазирро барои расидан ба ин ҳадаф вориди барномаи кориаш кардааст.

Ба дунболи панҷ соли рӯёрӯии мусаллаҳона миёни ҷонибҳои даргир, ки ҳазорон кушта бар ҷой гузошт, рӯзи 27 июни соли 1997 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи мухолифони тоҷик дар шаҳри Маскав созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба ҷанги панҷсола поён бахшид. Ҳамасола ин рӯз дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG