Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муроҷиати пайвандони Саймурод Орзуев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ


Падари Саймурод, Алӣ Орзуеви 65-сола

Падари Саймурод, Алӣ Орзуеви 65-сола

Пайвандони Саймурод Орзуев, сокини ноҳияи Нуробод, ки рӯзи 25-уми май дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда баъди 5 рӯз ҷасадашро аз назди пул пайдо карданд, ба мақомоти қудратӣ нома навиштаанд. Дар ин муроҷиатномаи пайвандони Орзуев, ки нусхааш ба дафтари Озодӣ ҳам расид омадааст, ки «барои хаматарафа санҷидани ҳодисаи марги Саймурод Орзуев ва дарёфт намудани қотилони вай» кумак расонанд.

Ин муроҷиатнома ба номи вазири корхои дохилии Тоҷикистон, Додситони кулл ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон навишта шудааст. Дар ин нома пайвандони марҳум, ба роҳбарони мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки бародари онҳо "ба шӯъба сиҳату саломат рафта ва баъди чанд рӯз ҷасадашро пайдо кардаанд."

Саймурод Орзуев дар рустои Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод зиндагии фақиронае дошт. Вақте вай рӯзи 25-уми апрел симчӯби барқро бо мошинаш тахриб кард, кормандони милиса ва Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия ӯро ба шӯъба оварданд, аммо баъди он, ки волидонаш ба суроғаш омаданд, кормандони милиса гуфтанд, ки ӯро раҳо намудаанд.

Танҳо пас аз 5 рӯзи ҷустуҷӯ ва кофтуков ҷасади Саймурод, рӯзи 30-юми апрел аз зери як кӯпрук дар назди рустои Чанор пайдо карда шуд, ки дар бадани ӯ осори латтукӯб ва ҳатто ба нақли падараш, доғи сими "трос" дар пойҳояш дида мешуд. Рӯзи 30-юми апрел ҷасади Саймурод дар Ҳасандара ба хок супурданд. Саймурод ҳамагӣ 30 сол дошт ва 3 моҳ пеш аз маргаш оиладор шуда буд.
XS
SM
MD
LG