Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми амалиёти «Нелегал-2014» дар Бадахшон


Ҳаноми гузаронидани амалиёти «Нелегал-2014» дар вилояти Бадахшон 10 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шудааст. Аз хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар доданд, ки ин амалиёт аз 12-ум то 30-уми май муштарак бо мақомоти қудратӣ гузаронида шуд ва мақсад аз ин амалиёт "санҷиши ҳолати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон" будааст. Манбаъ афзуд, зимни баргузории амалиёти муштараки "Нелегал-2014" ба шаҳрвандони хориҷӣ барои риояи қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон машварат кардаанд.
XS
SM
MD
LG