Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Ваҳдат ва атрофи он


Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Ваҳдат бо сабаби сафари Эмомалӣ Рҳамон, раиси ҷумҳур ҳудуди 9 соат маҳдуд мемонад. Тавре аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ хабар доданд, ин тасмим «барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат» арзёбӣ мешавад. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз сокинони шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Кӯлоб, Рашт, ноҳияҳои Файзобод, Роғун хоҳиш мекунад, ки то соати 15:00-и рӯзи 15-уми апрел аз ҳаракат ба самти шаҳри Ваҳдат худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар шаҳри Ваҳдат имрӯз аз соати 06:30-дақиқа то 15:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, минтақаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб то гардиши деҳаи Гургхурда, роҳҳои автомобилгарди Ваҳдат-Шури поён, Ваҳдат-Шури боло, Ваҳдат-Гулистон ва Ваҳдат-Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд боқӣ мемонад.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Ваҳдат сафари корӣ намуд ва дар назар аст то бегоҳи имрӯз аз рафти сохтмони биноҳо дар ин шаҳр дидан намояд.
XS
SM
MD
LG