Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи қариб 100 кило маводи нашъадор аз як ҷавони 24-сола


Кормандони пулиси ноҳияи Варзоб, воқеъ дар шимоли пойтахт, рӯзи 11 март як ҷавони 24-соларо бо 97 кило маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Тавре рӯзи 13-уми март аз вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ин миқдор маводи нашъадор рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони пулиси ноҳияи Варзоб, дар километри 42-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар назди деҳаи Ҳушёрӣ аз автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Умедҷони Изатулло, сокини деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ёфт шудаст.

Ба гуфтаи ин манбаъ "ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили боғоҷ 4 борхалта дарёфт карда шудаст, ки дар дохилашон 70 адад бастаҳои селофанӣ мавҷуд буд. Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи кимиёвии раёсати ташхисӣ - криминалистии ВКД инҳо маводҳои нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиашон 97 килою 200 грамро ташкил додааст."

Мақомот мегӯянд, дар вақти пурсиши кормандони пулис муайян шудааст, ки маводҳои мухаддир ба Абдураҳмон Муродови 25-сола, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доштааст. Ҳамакнун дар пайи ин ҳодиса Абдураҳмон Муродов ва Умедҷони Изатулло боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG