Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии ду ноболиғ ба марги яке анҷомид


Мақомоти корҳои дохилӣ хабар доданд, ки ноболиғи 16–сола ҳангоми бозӣ аз беэҳтиётӣ ба бадани бародараш бо корд мезанад. Рӯзи 3-юми феврал аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки ин ҳодиса рӯзи 1-уми феврал дар ноҳияи Ёвон рух додаст. Ба гуфтаи манбаъ Ҷамолиддини Садриддини 16-сола, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи шумораи 14-и ноҳияи Ёвон, дар хонаи истиқоматиашон ҳангоми дар дасташ корд будан бо бародараш Фазлиддини Садриддини 18-сола бозӣ карда, аз беэҳтиётӣ корд ба қафаси синаи бародараш даромадааст. Гуфта мешавад дар натиҷа Фазлиддини Садриддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Далели шайъӣ, яъне корди хоҷагӣ гирифта шудааст. Манбаъ меафзояд, ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад.
XS
SM
MD
LG