Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 мошин ва мусофирон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дармондаанд


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон талош дорад беш аз 70 мошини ба самти Душанбе –Хуҷанд ва ҳудуди 60 мошини самти Хуҷанд –Душанберо, ки дар киломатри 71-уми шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд дар натиҷаи лағжидани тарма руст мондаанд раҳо кунад.
Ҳошим Ятимов, сардори рёсати назорати роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз шаби гузашта то ҳол бар асари тармафароӣ мошинҳо руст кардаанд ва ҳоло як гурӯҳ кормандони вазорати нақлиётӣ бо сардории муовини вазир Шералӣ Ганҷалов кушиш доранд роҳро аз тарма тоза намуда ҳаракати нақлиётро фароҳам оранд.

Бар асари тармафароӣ ҳаракати мошинҳо дар мавзеъи миёни Майхура то маҳалли нақби «Истиқлол» масдуд шуда буд, гуфта мешавад мусофирон шабро дар дохили мошинҳо рӯз кардаанд.

«Дар миёни ин мошинҳо камазҳое ҳам ҳастанд, ки барои Маркази гармидиҳии Душанбе ангишт меоварданд ва бо масдуд шудани роҳ дармондаанд», зикр мекунад ҷаноби Ятимов. Дар ҳамин ҳол масъулони ширкати IRS мегӯяд, ки бо назардошти фасли тармафароӣ огоҳинома пахш карда аз ронандагон хоҳши кардааст, ки бидуни итлоъи комил аз вазъи рӯзонаи роҳ ба сафар набароянд. Дар ҳамин ҳол даҳҳо мошинҳои борбар ва мусофиркаш дар назди тарозуи IRS дар мавзеъи Чорбоғ мунтазири пурра боз шудани роҳ истодаанд.
XS
SM
MD
LG