Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳибкорони Ёвон бояд 6% аз фурӯши маҳсулот андоз супоранд


Соҳибкорони ноҳияи Ёвон, ки ахиран аз андозбандии мақомот изҳори норозигӣ карда буданд, даъво доранд, ки низоми нави андозситонӣ дар роҳи фаъолияти онҳо мушкили зиёд пеш овардааст.

Норозигии соҳибкорони ноҳияи Ёвон, боиси он шуд, ки рӯзи 30-юми январ намоянда аз кумитаи андози ҷумҳурӣ, намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Ёвон бо соҳибкорон вохӯрӣ гузаронданд.

Далер Абдулазизов, як соҳибкори ин ноҳия, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дар вохӯри мақомот бо соҳибкорон ҳудуди 300 соҳибкор ва намояндаи мақомоти ҳукумати ноҳияву вилоят ва кумитаи андоз иштирок доштанд. Натиҷаи вохӯрӣ ин будааст, ки соҳибкорон ҳатман бояд 6 дарсад аз фурӯши маҳсулотро ба молиёт супоранд. Аммо соҳибкорон мегӯянд, ки ба онҳо супоридани ингуна молиёт гарон аст.

Абдулазизов, гуфт, «масалан дар як рӯз 1000 сомонӣ маҳсулот фурӯшӣ ва дар як моҳ 30 000 сомонӣ мешавад, ки ҳатман 3000 сомонии онор бояд ба молиёт супорӣ.»

Ба гуфтаи Далер Абдулазизов, соҳибкорон пешниҳод кардаанд, ки на аз фурӯш, балки аз даромади умумӣ бояд молиёт супоранд, аммо мақомот гуфтаанд, ки 6 дарсад аз даромади фурӯши маҳсулотро молиёт супоранд. Ҳамчунин ба соҳибкорон то 1 моҳ муҳлат додаанд, ки дастгоҳи хазинавӣ гиранд.

Аммо дар сӯҳбат бо Озодӣ масъулони Кумитаи анзод гуфтанд, ки 6 дарсади молиёт на аз фурӯши маҳсулот, балки аз даромади умумӣ аст ва соҳибкор бояд 6 дарсади даромади умумияшро ба молиёт супорад.

Зарангез Бекова, сармутахассиси кумитаи андоз мегӯяд, ки ин навъи андоз аз аввали соли гузашта мавриди амал қарор гирифтааст.

«Касоне, ки бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият мекунанд бояд 7 дарсад аз даромад, яъне 6 дарсад аз даромади умумӣ ва 1 дарсад андози иҷтимоӣ месупоранд.»

Ба гуфтаи хонум Бекова ин навъи андоз аз моҳи январи соли 2013 дар пайи илова ба Кодекси нави андоз сурат гирифтааст. Ҳамчунин ба гуфтаи хонум Бекова соҳибкорон ҳуқуқ доранд на 6 дарсад аз даромади умумӣ, балки 25 дарсад молиёт супоранд ва ин ба гуфтаи масъули кумитаи андоз ба соҳибкор гарон аст.

Аммо соҳибкорон мегӯянд молиёти 25 дарсада аз доштани ширкати ҶДММ аст, на аз шаҳодантномаи соҳибкорӣ дар бозор ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ё монанди инҳо машғул ҳастанд.

Норозигии соҳибкорони ноҳияи Ёвон, дар пайи як рейди мақомоти андози вилояти Хатлон сарзада буд, ки чанде аз соҳибкоронро ба маблағҳои гарон ҷаримабандӣ карда буданд ва ҳамчунин талаб кардаанд, ки 6 дарсади даромад аз фурӯшро ба молиёт супоранд. Дар пайи рейдҳо рӯзи 25-уми январ соҳибкорон то ба нази ҳукумати ин ноҳия рафта буданд, то сабаби онро аз мақомоти ноҳия фаҳманд. Раҳим, яке аз ин тоҷирон, дар тамос бо радиои «Озодӣ» гуфта буд, далели эътирози бозорнишинони Ёвон, бастани ҷарима аз 1000 то 24 ҳазор сомониро ташкил мекунанд ва далели ҷаримабандиҳо ҳам қабл аз ҳама кам пардохт кардани ҳаққи барқу дигар пардохтҳо будааст, ки қаблан пардохт шудаанд. Аммо рӯзи 25-уми январ пулиси ноҳяи соҳибкорони ҷамъомадаро аз назди бинои ҳукумат пароканда карданд ва имрӯз 30-юми январ тавонистанд ҳудуди 300 соҳибкор бо мақомоти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ мулоқот кунанд.

Ба гуфтаи манбаи мо, дар мулоқот бо соҳибкорон раиси ноҳия, намояндаи кумитаи андоз ва намоянда аз ҳукумати вилояти Хатлон иштирок дошт ва ба натиҷае расидаанд, ки ҳамаи соҳибкорон 6 дарсад аз фурӯши маҳсулот молиёт супоранд ва то як моҳи оянда мошинаи хазинавӣ, ки ба харидорон чек ё расад дода мешавад гиранд. Ин дастгоҳи хазинавӣ ба он хотир будааст, ки маҳсулоти фурӯхташуда ҳисоб карда мешавад ва аз натиҷаи он соҳибкор андоз месупорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG