Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои олимпии Осиё самборо эътироф кард


Дар пойтахти Филиппин – Манила Ассамблеяи 32-юми кулли Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) баргузор шуд.

Маҳмуди Абдулло, муовини аввали раиси Иттиҳодияи самбои Осиё ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, самбо аз ҷониби кумитаи иҷроияи ШОО пазируфта шуд.

Вай афзуд, “самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил шуд, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё дастгирӣ мекунад. То имрӯз дар рӯйхати намудҳои якҳарба ушу, гуштӣ, таэквондо, сумо, муайтай, гуштии камарбандӣ, кураш, дзюдо, ҷиу-ҷитсу ва кикбоксинг шомил буданд. Ва, инак, навбати самбо низ расид. Вале бо ин пирӯзии самбо дар Манила хотима наёфт. Кумитаи иҷроияи ШОО, инчунин, дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо тасмим гирифт. Қарори кумитаи иҷроияи ШОО дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми кулли ШОО дар Манила тасдиқ шуд.”

Бояд тазаккур дод, Шӯрои олимпии Осиё – созмони қитъавии 45 кумитаи миллии олимпист, ки рушди варзишро дар қора дастгирӣ ва танзим мекунад. ШОО соли 1949 таъсис ёфта, соли 1982 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. Ба ШОО шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, ки, ҳамчунин, раиси Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) мебошад, раҳбарӣ мекунад. Дафтари ШОО дар Кувайт қарор дорад.Таҳти сарпарастии ШОО панҷ чорабинии бузургтарин дар қораи Осиё баргузор мешавад: Бозиҳои осиёӣ, Бозиҳо дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, Бозиҳои наврасон, Бозиҳои назди соҳил ва Бозиҳои зимистона.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ШОО шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ гуфтааст, «ҳамаи мо самборо бисёр хуб медонем ва маъруфияти онро дар қораи Осиё, бахусус, дар Осиёи Марказӣ бараъло дарк мекунем. Бинобар ин ман мувофиқи мақсад медонам, ки имрӯз масъалаи эътирофи Иттиҳодияи самбои Осиё ва намуди варзиши самбо баррасӣ шавад ва, инчунин, дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо қарор қабул шавад.”

Баъди анҷоми ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё мулоқоти кории раиси ШОО шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ бо раиси Иттиҳодияи самбои Осиё Аъламҷон Муллоев, раҳбари дафтари Федератсияи байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (ФИАС) дар Лозаннаи Швейтсария Михал Бухел ва мушовири раиси ФИАС оид ба масоили ҳуқуқ Артур Меликян баргузор шуд. Чунон ки раиси ШОО гуфт, «ман мутмаинам, ки рӯйдоди имрӯза аввалин қадам дар роҳи рушди ҳамкориҳои мутақобила миёни ФИАС, Иттиҳодияи самбои Осиё ва ШОО мебошад. Бовар дорам, ки дар Бозиҳои олимпӣ дар Сочи мо дар мулоқот бо раиси ФИАС Василий Шестаков масъалаҳои рушди самборо дар Осиё баррасӣ карда, роҳҳои ҳамкориҳои минбаъдаро муайян месозем. Метавонам ваъда бидиҳам, ки аввалин медалро дар доираи мусобиқоти самбо дар Бозиҳои осиёӣ ман месупорам.”

Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми Шӯрои олимпии Осиё ду намояндаи Тоҷикистон – Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар (КМОТ) ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли КМОТ, ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG