Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷрои 38 лоиҳаи соҳаи маориф аз cӯи БМИСТ


Бунёди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон (БМИСТ) эълон кард, ки муддати чор соли ахир дар манотиқи мухталифи кишвар 38 тарҳро маврид иҷро қарор додааст.

Саидаҳамад Мирзоев, раиси БМИСТ рӯзи ҷумъаи 17-уми январ зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, ки "дар чорчӯби иҷрои ин 38 лоиҳа, шароити таълим дар мактабҳо аз роҳи сохтмони биноҳо ва синфхонаҳои нав беҳтар карда шуд."

Ба ин тартиб, ба гуфтаи раиси БМИСТ, дар чорчӯби ин барнома ҳудуди 7 800 ҷои нишаст барои мактаббачагон муҳаё гардид,

Ҷаноби Мирзоев афзуд, ки барномаи мазкур 20 ноҳияи вилояти Хатлонро фаро гирфт ва дар соли 2013 беш аз 3 миллион доллари амрикоӣ барои иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаи маориф масраф гардид.

Аммо аз оғози барнома, яъне аз соли 2009 то кунун маблағи ҳудуди 15 миллион доллар дар иҷрои тарҳҳои марбут ба соҳаи маориф сарф гардидаааст.

Сармоягузорони аслии барнома ҳукумати Олмон аст, ки гранти тахсидодаи ин давлат маблағи 15, 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG