Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки осиёии рушд ба тарҳи CASA-1000 сармоягузорӣ нахоҳад кард, аммо дар сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон нақши ҳамоҳангсозро бар дӯш хоҳад гирифт.

Муносибати Бонки осиёии рушд ба ду тарҳи ҳамсон дар Осиёи Марказӣ ва бо ширкати Тоҷикистон метавонад баёнгари иҷрошавандагии ин барномаҳо бошад. Аз ҷумла бонки мазкур омода нест, ба тарҳи CASA-1000 сармоягузорӣ кунад, вале тарҳи бунёди роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон барояш писанд афтодааст.

Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю, рӯзи 16-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, роҳбари Бонки осиёии рушд (БОР) ҳанӯз замони машваратҳо дар мавриди CASA-1000 эълон дошта буд, ки дар иҷрои ин тарҳ сармоягузорӣ нахоҳад кард. Ҷаноби Си Си Ю гуфт: «Аммо ин маънои онро надорад, ки БОР муқобили иҷрои тарҳи CASA-1000 аст. Мо дар оянда тарҳҳои хатҳои байнидавлатии барқро ҳимоя мекунем, аммо бо иштироки кишварҳои бештар. Харҷи тарҳи CASA-1000 хеле болост ва як миллиард долларро талаб мекунад. Фикр мекунем бо дастгирии дигар сармоягузорон ин тарҳ иҷро мешавад, аммо мо тарафдори қадам ба қадам анҷом додани ин тарҳ будем».

Бонки Осиёии рушд дар сароғози тарҳи CASA-1000 эълон карда буд, ки аз он пуштибонӣ мекунад, аммо ҳоло ҷаноби Ю мегӯяд, захираҳои молии бонк барои ширкати он дар ин тарҳ кофӣ нестанд. Аммо дар айни замон бонк ба иҷрои чанд тарҳи дигар пардохт ва далели ширкат накардани он дар CASA-1000 рӯшан нест. Зимнан роҳбари намоядагии БОР дар Душанбе гуфт, онҳо дар оянда низ ба арсаи энержии Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард, аммо як нуқта яқин аст, ки ин бонк баҳри эҳдоси сади обанбори нерӯгоҳи Роғун дар ягон шакл кӯмак нахоҳад кард.

Дар ин нишасти хабарӣ инчунин эълон карда шуд, ки дар се соли оянда ба миқдори 313, 9 миллион доллар ҳамроҳ бо дигар коршариконаш ба Тоҷкистон кӯмак мекунад. Ин маблағҳо ба гуфтаи масъулони БОР барои рушди муносиботи минтақавӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ масраф мешавад. Ғайр аз ин бонк ният дорад дар соли ҷорӣ як миллион доллар баҳри арзёбии фаниву иқтисодии роҳи оҳани Турманистон - Афғонистон – Тоҷикистон кӯмак кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ ба БОР муроҷиат кардааст, ки ин он дар иҷрои ин тарҳи роҳи оҳан нақши ҳамоҳангсозро бибозад: «Аммо оё худи БОР ба тарҳи сохтмони ин роҳи оҳан бевосита сармоягузорӣ хоҳад кард ва ё на ба захираҳои молии бонк бастагӣ хоҳад дошт. Ҳоло ҳаминро гуфта метавонам, ки дар барномаи дурнамои мо дар соли 2015 барои маблағгузории сохтмони ин роҳи оҳан 71 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Аммо боз ҳам ин як нақшаи пешакӣ аст ва оё дар амал ин миқдор пул ҷудо мешавад ва ё не аз вазъи моли бонк дар ин сол бастагӣ хоҳад дошт».

Дар ҳамин ҳол коршиносон суолеро матраҳ мекунанд, ки чаро БОР аз сармоягузорӣ дар тарҳи CASA-1000 ба якборагӣ даст кашид?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон ва коршиноси минтақа мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд масъулони БОР ояндаи CASA-1000-ро хуб намебинанд. Умаров гуфт: «Барои бунёди CASA-1000 ва барқ додан ба Покистону Афғонистон бояд ақалан ду агрегати Роғун ва дар Қирғизистон чанд нерӯгоҳ дар дарёи Норин бояд сохта мешуд. Дар Қирғизистон сохтмони нерӯгоҳҳо оғоз шуд, аммо дар мо не. Чун агрегатҳои Роғун сохта наушдаанд, ин хати барқ бо чӣ пур карда мешавад? Ба назарам коршиносони БОР пешбинӣ карданд, ки бо сохтани CASA-1000 он бекор мемонад аз сармоягузорӣ ба он даст кашиданд».

Охири моҳи ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Клаус Герхаусер, директори генералии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфта буд ва масъалаи ҳамкории ин бонк бо ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда буданд. Дар ин мулоқот гуфта шуда буд, ки ҳоло «лоиҳаҳои зиёде бо маблағи беш аз 650 миллион доллар дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG