Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Маханов дар Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор дорад


Парвандаи Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби «устод», ки ба қавли мақомот мехост дар Душанбе чанд таркиш анҷом диҳад, дар Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи, Маханов рӯзи 14-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки парвандаи ӯ ҳамроҳи 5 нафар шариконаш тоза ба Додгоҳи олӣ расидааст, вале ҳанӯз додраси ин парванда интихоб нашудааст ва қарор дар рӯзҳои наздик судяи он таъин карда шавад. Зимнан, масъули Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ Насим Холмуродов бо дарназардошти махфӣ будани он аз шарҳи бешатр худдорӣ кард. Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулл бар асоси тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи Алимурод Махановро бо айбдорӣ ба 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, ба Додгоҳи олӣ ирсол доштааст. Ҳаминтавр Алимурод Маханов тибқи «моддаи 179 бо «терроризм», бо моддаи 179 қисми 2-- «ҷалб кардани афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ», моддаи 187 қисми 1» -- ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», қисми 2-и ҳамин модда -- «бо маслиҳати пешакӣ ҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва бо моддаи 307 -- «созмон додани гуруҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) айбдор дониста мешавад. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки дар охирҳои моҳи ноябр нахустин мурофиаи гурӯҳи Махановро оғоз карда буд, ба далели нокофӣ будани тафтишоти пешакӣ мурофиаро ба моҳи декабр мавқуф гузошта буд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли равон бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Маханов, ки ба гуфтаи ин мақомот, ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод.
XS
SM
MD
LG