Пайвандҳои дастрасӣ

Провайдери миллӣ интернети ройгон пешниҳод кардааст


Ширкати интернет-провайдери миллии «Тоҷиктелеком», эълон доштааст, ки ба муштариёнаш як моҳи интернети ройгон дода мешавад. Фахриддин Назаров, муовини сардори ширкати «Тоҷиктелеком», рӯзи 9-уми январ ба Озодӣ гуфт, ки ҳар нафаре, ки аз ин ширкат дархости интернет мекунад, хизматрасонии насби интернет ройгон буда ва ҳамчунин муштарӣ ҳудуди як моҳ аз интернети ройгон истифода мекунад. Фахриддин Назаров афзуд, давоми 4 моҳ, ки нархи интернетро то 3 маротиба арзон кардаанд муштариёнашон 9 маротиба зиёд шудааст. Қаблан, Бек Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ирсоли нома аз корхонаҳои давлатӣ хоҳиш карда буд, ки барои таъмини корхонаҳо бо интернет аз провайдери миллии TojNet истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG